خبرگزاری اهل‌بیت(ع) - ابنا

دوشنبه ۸ مرداد ۱۴۰۳
۴:۳۳
در حال بارگذاری؛ صبور باشید
دوشنبه
۱۵ شهریور
۱۳۹۵
۱۳:۴۴:۰۶
منبع:
parstoday
کد خبر:
777002

The message of Imam Khamenei to the world Muslims on 2016 Hajj pilgrimage in Tajik

The message of Imam Khamenei to the world Muslims on 2016 Hajj pilgrimage in Tajik.

آآ

Ҳазрати оятуллоҳилузмо Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати Кунгураи азими ҳаҷ фармуданд: "Мавсими ҳаҷ барои мусулмонон, мавсими ифтихор ва шукӯҳ дар чашми халоиқ ва мавсими нуронияти дил ва хушуъ дар баробари холиқ аст".

Матни комили паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба Кунгураи азими ҳаҷ ба ин шарҳ аст:

بسم اللّه الرّحمن الرّحیم

وَ الحَمدُ لِلّهِ رَبِّ العالَمین وَ صَلَّی اللّهُ عَلی سَیّدِنا مُحَمَّدٍ وَ آلِهِ الطَّیِّبینَ وَ صَحبِهِ المُنتَجَبین وَ مَن تَبِعَهُم بِاِحسانٍ اِلی یَومِ الدّین.

 Бародарон ва хоҳарони мусулмон дар саросари ҷаҳон!

Мавсими ҳаҷ барои мусулмонон, мавсими ифтихор ва шукӯҳ дар чашми халоиқ ва мавсими нуронияти дил ва хушуъ ва ибтиҳол (1) дар баробари холиқ аст. Ҳаҷ фаризае қудсӣ ва дунявӣ ва худоиву мардумӣ аст. Аз сӯйе фармони

"فَاذکُرُوا اللّهَ کَذِکرِکُم ءابآءَکُم اَو اَشَدَّ ذِکرًا" (2)

ва

"وَ اذکُرُوا اللّهَ فی اَیّامٍ مَعدوداتٍ" (3)

ва аз сӯйе хитоби

"اَلَّذی جَعَلناهُ لِلنّاسِ سَوآءَنِ العاکِفُ فیهِ وَالباد" (4)

абъоди беинтиҳо ва мутафовити онро равшан месозад.

Дар ин фаризаи беназир, амнияти замон ва макон ҳамчун нишонае ошкор ва ситорае дурахшон, дили инсонҳоро оромиш мебахшад ва ҳаҷгузорро аз муҳосираи авомили ноамне, ки аз сӯйи ситамгарони султагар, ки ҳамвора оҳоди башарро таҳдид кардааст, берун мекашад ва лаззати эминиро дар даврае муайян ба ӯ мечашонад.

Ҳаҷҷи иброҳимӣ, ки Ислом ба мусулмонон ҳадя кардааст, мазҳари иззату маънавият ва ваҳдату шукӯҳ аст, азамати уммати исломӣ ва иттикои онон ба қудрати лоязоли илоҳиро ба рухи бадхоҳон ва душманон мекашад ва фосилаи ононро бо сели фасоду ҳақорат ва ситаме, ки зӯргуён ва қулдурони байналмилалӣ бар ҷавомеи башарӣ таҳмил мекунанд, барҷаста месозад. Ҳаҷҷи исломӣ ва тавҳидӣ, мазҳари

"اَشِدّآءُ عَلَى الکُفّارِ رُحَمآءُ بَینَهُم" (5)

аст, ҷойгоҳи бароат аз мушрикон ва улфату ваҳдат бо муъминон аст.

Онон, ки ҳаҷро ба як сафари зиёратӣ - саёҳатии фурӯкоста ва душманӣ ва кинаи худ бо миллати муъмин ва инқилобии Эронро дар зери унвони "сиёсӣ кардани ҳаҷ" пинҳон сохтаанд, шайтонҳои хурд ва ҳақиранд, ки аз ба хатар афтодани матомеи  "Шайтони бузург" - Амрико, ба худ меларзанд. Ҳуккоми саудӣ, ки имсол садди 

"عن سبیل‌اللّه و المسجد الحرام" (6)

карда ва роҳи ҳоҷиёни ғаюр ва муъмини эронӣ ба хонаи маҳбубро бастаанд, гумроҳони русиёҳанд, ки бақои худ бар маснади қудрати золимонаро дар дифоъ аз мустакбирони ҷаҳонӣ ва ҳампаймонӣ бо саҳюнизм ва Амрико ва талош барои баровардани хостаи онон медонанд ва дар ин роҳ аз ҳеҷ хиёнате рӯйгардон нестанд.

Акнун қариб як сол аз ҳаводиси мудҳиш (7)-и Мино мегузард, ки дар он чанд ҳазор нафар дар рӯз ид ва дар либоси эҳром, дар зери офтоб ва бо лаби ташна мазлумона ҷон бохтанд. Андаке пеш аз он дар Масҷидулҳаром низ ҷамъе дар ҳоли ибодат ва дар тавоф ва намоз ба хоку хун кашида шуданд. Ҳуккоми саудӣ дар ҳар ду ҳодиса муқассиранд, ин чизе аст, ки ҳамаи ҳозирону нозирон ва таҳлилгарони фаннӣ бар он иттифоқи назар доранд ва гумони амдӣ будани ҳодиса низ аз сӯйи бархе соҳибназарон матраҳ шуд. Тааллул ва кӯтоҳӣ дар наҷоти маҷрӯҳони нимаҷоне, ки ҷони шефта ва дили муштоқи онон дар Иди Қурбон бо забони зокир ва тараннуми оёти илоҳӣ ҳамроҳ буд, низ қатъӣ ва мусаллам аст. Мардони сангдил ва ҷинояткори саудӣ ононро бо ҷонбохтагон, дар контейнерҳои дарбаста маҳбус сохтанд ва ба ҷойи дармон ва кӯмак ё ҳатто расонидани об ба лабони ташнаи онон, онҳоро ба шаҳодат расониданд. Чанд ҳазор хонавода аз кишварҳои гуногун азизони худро аз даст доданд ва миллатҳои онон доғдор шуданд. Аз ҷумҳурии исломӣ наздик ба панҷсад нафар дар миёни шаҳидон буданд. Дили хонаводаҳо ҳамчунон маҷрӯҳ ва доғдор аст ва миллат ҳамчунон ғамгин ва хашмгин аст.

Аммо ҳокимони саудӣ ба ҷойи узрхоҳӣ ва пушаймонӣ ва таъқиби қазоии муқассирони мустақими ин ҳодисаи ҳавлнок, бо ниҳояти бешармӣ ва вақоҳат, ҳатто аз ташкили ҳайати ҳақиқатёби байналмилали исломӣ низ сар боз заданд. Ба ҷойи истодан дар ҷойгоҳи муттаҳам, дар ҷойгоҳи муддаӣ истоданд ва душмании дерини худ бо ҷумҳурии исломӣ ва бо ҳар парчами барафроштаи Ислом дар муқобила бо куфр ва истикборро бо хабосат ва сабуксарӣ бештар ошкор сохтанд.

Буқҳои таблиғотии онон, иборат аз сиёсатмадороне, ки рафтори онон дар баробари саҳюнистҳо ва Амрико нанги ҷаҳони Ислом аст, то муфтиёни нопарҳезкор ва ҳаромхоре, ки ошкоро бар хилофи китоб ва суннат фатво медиҳанд, то подавҳои матбуотие, ки ҳатто виҷдони ҳирфаӣ ҳам монеи дурӯғсозӣ ва дурӯғгӯии онон нест, талоши беҳуда мекунанд, ки ҷумҳурии исломиро дар маҳрумсозии ҳоҷиёни эронӣ аз ҳаҷҷи имсол муттаҳам нишон диҳанд. Ҳуккоми фитнаангезе, ки бо ташкил ва таҷҳизи гурӯҳҳои такфирӣ ва бадкор, дунёи Исломро гирифтори ҷангҳои дохилӣ ва қатлу куштори бегуноҳон кардаанд ва Яману Ироқу Шому Либия ва бархе дигар аз кишварҳоро ба хун оғуштаанд, сиёсатбозони аз Худо бехабаре, ки дасти дӯстӣ ба режими ишғолгари саҳюнист дода ва чашм бар ранҷу мусибати ҷонкоҳи Фаластинён бастаанд ва доманаи зулму хиёнати худро то шаҳру рустои Баҳрайн густурдаанд, ҳокимони бедин ва бевиҷдоне, ки фоҷеаи бузурги Миноро падид оварда ва бо номи ходимони Ҳарамайн, ҳарими ҳарами амни илоҳиро шикаста ва меҳмонони Худои Раҳмонро дар рӯзи ид дар Мино ва пеш аз он дар Масҷидулҳаром қурбонӣ кардаанд, акнун аз сиёсӣ нашуданӣ ҳаҷ дам мезананд ва дигаронро ба гуноҳони бузурге, ки худ муртакиб шуда ё тасбиб (8) кардаанд, муттаҳам мекунанд. Онон мисдоқи комили баёни равшангари Қуръони кариманд, ки фармуд:

 "وَ اِذا تَوَلّىٰ سَعىٰ فِی الاَرضِ لِیُفسِدَ فیها وَ یُهلِکَ الحَرثَ وَ النَّسلَ وَ اللّهُ لا یُحِبُّ الفَساد * وَ اِذا قیلَ لَهُ اتَّقِ اللّهَ اَخَذَتهُ العِزَّةُ بِالاِثمِ فَحَسبُه‌و جَهَنَّمُ وَ لَبِئسَ المِهاد(9) ".

 Имсол низ бино бар гузоришҳо, илова бар сад (10) -ди ҳоҷиёни эронӣ ва бархе миллатҳои дигар, ҳоҷиёни дигар кишварҳоро дар маҳдудаи контролҳои номаъҳуд (11) бо кӯмаки дастгоҳҳои ҷосусии Амрико ва режими сҳиунистӣ қарор дода ва хонаи амни илоҳиро барои ҳама ноамн кардаанд. Ҷаҳони Ислом, иборат аз давлатҳо ва миллатҳои мусулмон бояд ҳокимони саудиро бишносанд ва воқеияти ҳурматшикан ва беимон ва вобаста ва моддии ононро ба дурустӣ дарк кунанд. Бояд ба хотири ҷиноёте, ки дар густараи ҷаҳони Ислом ба бор овардаанд, гиребони онҳоро раҳо накунанд. Бояд ба хотири рафтори золимонаи онон бо "Зуюф-ур-Раҳмон (12), фикри асосӣ барои мудириятӣ Ҳарамайни шарифайн ва масъалаи ҳаҷ бикунанд. Кӯтоҳӣ дар ин вазифа, ояндаи уммати исломиро бо мушкилоти бузургтаре мувоҷеҳ хоҳад сохт.

Бародарон ва хоҳарони мусулмон!

Имсол ҷойи ҳоҷиёни муштоқ ва боихлоси эронӣ дар маросими ҳаҷ холӣ аст, вале онон бо қалбҳои худ ҳозир ва дар канори ҳоҷиён аз саросари ҷаҳон ва нигарони ҳоли онон ҳастанд ва дуо мекунанд, ки шаҷараи малъунаи туғутӣ ва золим натавонанд газанде ба онон бирасонанд. Бародарон ва хоҳарони эронии худро дар дуоҳо ва ибодатҳо ва муноҷотҳои худ ёд кунед ва барои рафъи гирифториҳо аз ҷавомеи исломӣ ва кӯтоҳ шудани дасти мустакбирон ва саҳюнистҳо ва сарсупурдагони онҳо аз уммати исломӣ дуо кунед.

Инҷониб ёди шуҳадои Мино ва Масҷидулҳаром дар соли гузашта ва шуҳадои Макка дар соли 66 (13)-ро гиромӣ медорам ва аз Худои азза ва ҷалла барои онон талаби раҳмату мағфират дараҷоти олӣ мекунам ва бо салом ба Ҳазрати Бақиятуллоҳи Аъзам (Рӯҳӣ лаҳулфидоъ) дуои мустаҷоби он бузургаворро барои эътилои уммати исломӣ ва наҷоти мусулмонон аз фитнаву шарри душманон талаб менамоям.

و باللّه التّوفیق و علیه التّکلان

 Сайид Алии Хоманаӣ

охири зилқаъда-  1437 - 12/6/95

 1. Тазарруъ

 2. Сураи "Бақара", бахше аз ояи 200; "...ҳамон гуна, ки падарони худро ба ёд меоваред ё бо ёд кардании бештар, Худоро ба ёд оваред...".

3. Сураи "Бақара", бахше аз ояи 203; "Ва Худоро дар рӯзҳои муайян ёд кунед...".

4. Сураи "Ҳаҷ", бахше аз ояи 25; "... ки онро барои мардум, аам аз муқим дар он ҷо ва бодиянишин, яксон қарор додем...".

5. Сураи "Фатҳ", бахше аз ояи 29; "...бар кофирон сахтгир ва бо ҳамдигар меҳрубон...".

6. Боздоштан аз роҳи Худо ва Масҷидулҳаром

7. Ҳаросангез

8. Боис шудан, муҷиб шудан

9. Сураи "Бақара", ояи 205 ва 206; " Ва чун баргардад [ё раёсат ёбад] кӯшиш мекунад, ки дар замин фасод намояд ва наслро нобуд созад ва Худованд табоҳкориро дӯст надорад. Чун ба ӯ гуфта шавад, аз Худо парво кун, ғурур ӯро ба гуноҳ кашонад. Пас ҷаҳаннам барои ӯ бас аст ва чӣ бад бистаре аст".

10. Боздоштан, монеъ шудан

11. Ғайри мутадовил, ғайримаъмул

12. Меҳмонон

13. Ишора ба ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ-интизомии Арабистони Саудӣ ба маросими бароат аз мушрикини ҳоҷиён дар соли 1366, ки мунҷар ба шаҳодат ва захмӣ шудант теъдоди бисёре аз ҳуҷҷоҷи эронӣ шуд.